Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

     

    Пост релиз

     

     

    21 майи соли 2018, душанбе,

    Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд «БАТР»,

    Иттиҳоди Шарқӣ оид ба Нақлиёти Бехавф ва Устувор «ИШНБУ»,

    Ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» «НҶТ».

     

      

          Истифодаи тасмаи бехатарӣ – ҳифзи ҳаёти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ

     Бо дастгирии Фонди махсуси БАТР, ҳашарикии ИШНБУ ва «НҶТ» дар маъракаи баланд бардоштани иттилоотнокии аҳолӣ оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ дар Душанбе, натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуданд. Лоиҳаи дарозмӯҳлат тадқиқоти тафсилоти зиёда аз 10,000 ронандаҳо, гурӯҳҳои самтгир ва паёмҳои мақсадноки воситаҳои ахбори оммаро барои беҳбудии бастани тасмаи бехатарӣ баҳогузорӣ кард.

     Таҳқиқоти мушаххасе, ки аз ҷониби ТҶҶ «НҶТ» моҳи апрел гузаронида шуд нишон дод, ки пас аз панҷ моҳи гузаронидани маъракаи иттилоотӣ - фоизи истифодаи тасмаи бехатарӣ, барои мусофирон дар шаҳри Душанбе нисбат бамоҳи июл дар соли 2017 аз 12,9% то 21 дарсад афзудааст. Ин асосан аз ҳисоби болоравии фоизи истифодаи тасмаи бехатарӣ аз тарафи ронандаҳо, яъне аз 22.5 то 36% вобаста аст. Мутаассифона ,барои мусофирони курсихои пеш ва қафо ягон пешравӣ ба назар намерасад.

    Тибқи нишондоди Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ(ТУТ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи баланди омори фавт, ҳангоми ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, бештар ба назар мерасад. Ҳар сол тақрибан 1543 нафар  бар асари ходисахои роҳу наклиёт ба ҳалокат мерасанд, яъне тақрибан 19 нафар дар 100000 аҳолӣ рост меояд, ки ин нишондод сарфи назар аз сатҳи нисбатан ками моликияти хусусӣ  будани воситаҳои нақлиёт зиёд мебошад. Бо зиёда аз 70 фоизи ҳашт миллион аҳолии кишвар, ки кӯдакон ва ҷавонони то синни 30-сола мебошанд, сатҳи баланди садамаҳои нақлиётӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар таъсир мерасонанд.

    Истифода набурдани тасмаи бехатарӣ, омили хеле хатарноки  фавт ва ҷароҳатбардорӣ дар саросари ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Тадқиқоти ТУТ нишон медиҳад, ки бастани тасмаи бехатарӣ хатари марги мусофирони қафоро то 40-50 фоиз ва мусофирони пешро аз 25 то 75 фоиз коҳиш медиҳад.

    Маъракаи панҷмоҳа оид ба баланд бардоштани сатҳи иттилоотнокии аҳолӣ, ки муҳим будани бастани тасмаи бехатарро тариқи биллбордҳо ва  лайтбоксҳо нишон додаанд, ки ҳар рӯз тақрибан 293000 воситаҳои нақлиёт ва шумораи зиёди пиёдагардон ҳангоми ҳаракат дар роҳ онҳоро мушоҳида намудлаанд. Ғайр аз ин дар натиҷаи пахши зиёда аз 2600 барномаҳои телевизионӣ ва радиоӣ, инчунин паёмҳои иҷтимоии ахбори омма ва паҳн кардани варақаҳо дар саросари шаҳр, сеяки одамон, ки дар охири маъракаи иттилоотӣ райъпурси карда шуданд ба хотир меоварда қайд намуданд, ки фикри онҳо дар ин ҷода тағйир ёфтааст.

    Маъракаи иттилоотӣ барои  муайян кардани сабабҳои асосии истифода набурдани тасмаи бехатарӣ дар байни ҷавонон (аз ҷумла) дар шаҳру ноҳия, гуруҳҳои самтгир гузаронид ва сабабҳои асосиро муайян намуд ки масъалаҳои зеринро дар бар гирифт:

    -Тасмаи бехатарӣ маро нороҳат мекунад;

    -Тасмаи бехатарӣ маро муҳофизат намекунад;

    -Ман мехоҳам, ки аз мошин ҳангоми садама худро берун партоям.

    Бо вуҷуди афзоиши истифодаи тасма аз тарафи ронандаҳо, якчанд монеаҳо вуҷуд доранд. Аввалан ва пеш аз ҳама, воситаҳои нақлиёти тасма надоранд ё тасмаи бехатарӣ корношоям аст. Таҳқиқоти махсус нишон дод, ки аз 300 ҷойи нишасти санҷидашуда,яъне аз се як ҳиссаи (36 фоиз) корношоям буданд. Дар 60 фоизи воситаҳои нақлиёт бошад тасмаи бехатарӣ, дар сурати коршоям буданаш ҳам бо  руйпуши курсиҳо маҳкам карда шудаанд. Таъмини тасмаи бехатарӣ ва дастрасии он  дар ҳама воситаҳои нақлиёт ҳамчун қисми тарроҳии мо мебошад ва қадамҳои оянда ба он нигарогида шудаанд.

    Амалиёти қонунии барои истифода накардани тасмаи бехатарӣ низ ҳамчун масъалаи муҳим аз ҷониби маъсулини БДА такрор карда шуд ва қайд шуд,  ки  ҳеҷ гуна санҷишҳои мушаххаси қонунӣ то ин дам вуҷуд надоштанд. Барои кӯмак ба БДА, дар моҳи ноябри соли 2017, намояндаи ИШНБУ ба Душанбе ташриф оварда буд, то ин масъаларо муҳокима кунад, инчунин зарурати беҳтар намудани омӯзиши кормандони полис ва таҳияи стратегияҳои беҳтарро дар робита бо аҳолиӣ низ дида баромад .

    Гарчанде ҳанӯз ҳам корҳи бисёре барои баланд бардоштани сатҳи истифодабарии тасмаи бехатарӣ зарур аст, ИШНБУ имконият дорад, ки дар ин соҳаҳо кӯмак расонанд, то барои дастгирии бехтатарии роҳҳои автомобилгард ва инчунин танзими беҳтарсозии воситаҳои нақлиётӣ  кӯмак расонанд.

       

                                         Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин метавонед муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш. Душанбе, кучаи Рахмон Набиев 71,

    тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 937577572 +992 37 8817572

    This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it |www.ygt.tj


     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Content View Hits : 1180685
    We have 36 guests online