Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     
     
     
     

     

    РЕЗА АХБОР

    17 майи соли 2018, панҷшанбе,

                                                            Иттиҳоди Шарқии нақлиёти бехавф ва устувор  (ИШНБУ),

     Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии 

    «Насли ҷавони Тоҷикистон» (НҶТ).

    ДАР  ДУШАНБЕ ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ, ҶАЛАСАИ ЯКУМИ ГУРУҲИ КОРИИ БАЙНИСОҲАВӢ ДОИР ГАРДИД.

    27 апрели соли 2018, дар толори конфронсии Шуъбаи Маорифи н.Синои ш.Душанбе, дар доираи даври чаҳоруми лоиҳаи «Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути таҳсилот»,  ҷаласаи якуми гуруҳи кории байнисоҳавӣ (ГКБС) оид ба масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар  роҳ  доир гардид. 

    Дар ҷаласа намояндагони ШБДА  РВКД ҶТ дар ш.Душанбе, Сарраёсати Маорифи ш,Душанбе, МИМҲД дар н. Синои ш.Душанбе, шуъбаи маорифи н.Сино ва инчунин мактабҳои лоиҳавии н.Сино (№ 60, 101, 88, 33, 91) ширкат варзиданд.

    Дар рафти ҷаласа иштирокчиён таъсири лоиҳа ва   натиҷаҳои бадастмеомадаро дар рафти татбиқи он муҳокима намуданд. Намояндаи БДА ба иштирокчиён оид ба вазъияти Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар ноҳияи Сино ошно намуд. Қайд карда шуд, ки шумораи ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон дар н.Сино, ташвишовар буда, гузаронидани омӯзишҳо ва  корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ин масъала ба фоидаи кор мебошад.    

    Дар анҷоми ҷаласа иштирокчиён ба хулосае омаданд, ки барои бартараф намудани омилҳое, ки ба сар задании Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мусоидат мекунанд,  қарор қабул карда шавад, ки ба мақомоти БДА,  Мақомоти  иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар н.Сино, бо чунин  пешниҳодҳо муроҷиат намоянд:

    Гузоштани аломатҳои роҳ, 3.24 «Маҳдудияти суръати  ниҳоӣ 40км/с. ва чароғаки роҳнамо дар к.Гипрозем  назди МТМУ №91», дида баромадани ташкили ҳаракат дар назди МТМУ 60 ва мунтазам  ранг кардани хати гузаргоҳи пиёдагард дар  назди МТМУ  озмоишии номбаршуда яке аз нақшаҳои ояндабинонае мебошанд, ки метавонанд дар паст кардани хавфи ҷароҳатбардорӣ ва фавти кудакону наврасон мусоидат намоянд. 

     


     

     

     

     

     

     

     

    Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

                 тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 37 8817572

                                                           Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1210765
    Сейчас 56 гостей онлайн