Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

                                                                

     РЕЗА АХБОР

    15 марти соли  2018, панҷшанбе,

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    (ТҶҶ «НҶТ»)

    Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор (ИШНБУ).

     

    «НҶТ»  ВОҚИФИЯТИ АҲОЛИРО ДАР  НОҲИЯИ СИНОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ,

    ОИД БА БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ОҒОЗ НАМУД.

     Паст намудани шумораи ходисаҳои роҳу нақлиётӣ, ҳамчунин шумораи кӯдакони ҷабрдида, танҳо бо роҳи ташаккули рафтори бехатари кӯдакон ва наврасон дар роҳ имконпазир мебошад, бинобар ҳамин дар соли 2014 ТҶҶ «НҶТ» бо дастгирии Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор (ИШНБУ) лоиҳаро бо мақсади: «Кам кардани вусъати паҳншавии ҷароҳатбардорӣ ва ба ҳалокат расидани кӯдакону наврасони то синни 16 сола, бар асари ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (ҲРН), дар ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон» роҳандозӣ намуд.  Тӯли фаъолият дар ноҳияи мазкур сатҳи иттиллотнокии бенифисиарҳо оид ба ҚҲР аз нишондоди заминавӣ 18,28% зиёд шуд.

     

    Бо таасурот аз дастовардҳо мақсад гузошта шуд, ки суръати зиёдшавии ҷароҳатбардорӣ ва фавти кӯдакону ҷавонони то 30 соларо, бар асари Ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ба сифати пиёдагард, мусофир ва ронанда, дар ноҳияи Сино ш.Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ коҳиш диҳад, ба хотири он ки дар соли 2017, дар ноҳияи мазкур, зиёда аз  30 ҳодисаи роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ба қайд гирифта шудааст.

     

    Бино бар ин, корҳои омӯзишӣ оид ба ҚҲР дар  5 МТМУ ( № 91,60 , 101, 88, 33) -  и осебпазири  ноҳияи Сино  оғоз шуд. Санаи 29 ва 30 –юми январи соли ҷорӣ дар МТМУ №91 и ноҳия

    тренинг оиди ҚҲР барои 20 нафар Нозирони навраси ҳаракат ҳамчун дастаи ихтиёрии мактаббачагон ва 5 омӯзгор-ҳамоҳангсоз гузаронида шуд. Нозирони навраси ҳаракат дар навбати худ дар байни ҳамсолонашон, бехатарии ҳаракат дар роҳро таблиғу ташвиқ менамоянд.

     

    Малака ва донишеро, ки ННҲ дар рафти тренинг аз худ намудаанд, барояшон имкон медиҳад то тибқи “Дастур оид ба ташкили кори дастаи ННҲ” ва бо такя ба ақидаи “Ҳамсол ба ҳамсол” сессияҳои иттилоотӣ гузаронанд. Бо ин роҳ метавон сатҳи ҷароҳатбардориро байни наврасон коҳиш дода рафтори наврасонро дар роҳҳои шаҳр ба рафтори бехатар табдил дод.

     

    Давомнокии лоиҳа: 7 моҳ(феврал-августи, 2018с.).

    Минтақаи ҷуғрофӣ: 5 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии н.Сино ва 1 МТМУ н.Фирдавсӣ ш.Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

     

                Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

                 тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 37 8817572

                                                           Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1152609
    Сейчас 32 гостей онлайн