Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    РЕЗА АХБОР

    28 ноябри с.2017, сешанбе,

    ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

    «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    (ТҶҶ «НҶТ»)

     

    “ВОХУРИҲОИ СУДМАНД ОИДИ МУСОИДАТ

    ДАР ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ”

    Дар доираи сафари хизматии худ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалии  «Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор» (ИШНБУ) ва «Кӯмак ҳангоми сӯхтор» ва бо ҳамроҳии ҳамкори маҳаллии худ - ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶҶ «НҶТ») бо масъулини раёсати БДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (РБДА ВКД ҶТ) вохурии судманд анҷом доданд.

    Дар ҷараёни вохурӣ, мушовири ИШНБУ оиди мусоидат дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ - Сергей Дякону (собиқ муовини вазири корҳои дохили ва сардори РБДА ВКД Ҷумҳурии Молдова) доир ба фаъолияти якҷояи гурӯҳҳои фаврии ёрии таъҷилии тиббӣ, хадамоти давлатии оташнишонӣ ва РБДА ВКД ҶТ, ҳангоми сар задани Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (ҲРН), ки ронанда ва мусофирони у зери фишори олотҳои воситаи нақлиёт мемонанд ва ниёз ба ёрии аввалияи тиббиву наҷотдиҳӣ доранд, сӯҳбат намуда, оиди чӣ тавр сурат гирифтани чунин амалиётҳо дар як қатор давлатҳои муттарақӣ мисолҳо овард.

    Қайд карда шуд, ки аз ҷониби ташкилоти байналмилалии «Кӯмак  ҳангоми сӯхтор» соли ҷорӣ як қатор кормандони хадамоти оташнишонии ҷумҳурӣ оид ба безарар баровардани ҷабрдидагони ҲРН, ки зери фишори оҳанпораҳои нақлиёт қарор монданд, омӯзишҳои касбӣ гузаронида шуда, ташкилоти номбурда гуруҳи мазкурро бо чор автомобили махсуси сухторхомушкуниву наҷотдиҳӣ таъмин намудааст. Гурӯҳи мазкур омодаанд, дар ҳамбастагӣ бо кормандони БДА ва ёрии таъҷилии тиббӣ барои безарар наҷот додани ҷабрдидагон ҳамкорӣ намоянд. Дар рафти сӯҳбат қайд карда шуд, ки ташкилоти байналмилалии «Кӯмак  ҳангоми сӯхтор» омодааст, дар соли оянда чунин гурӯҳҳоро дар базаи РБДА ВКД ҶТ низ омода созад.

    Дар ҷараёни вохурӣ Сергей Дякону оид ба қонунгузориҳои вобаста ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, алалхусус истифода набурдани тасмаи бехатарӣ аз ҷониби ронандагон ва мусофирони воситаҳои нақлиёт, васеъ намудани доираи фаъолияти камераҳои мавҷудаи «Шаҳри бехатар», мубодилаи таҷрибаи пешқадам намуда, маслиҳатҳои муфид дод.

    Дар навбати худ, масъулини РБДА ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, қайд намуданд, ки баҳри беҳбудӣ ва беҳдошти масъалаҳои марбут ба бехатарии ҳаракат дар роҳ корҳои зиёде анҷом дода шудааст, масалан соли ҷорӣ «Қоидаҳои нави ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди ҶТ» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд, ки ҳоло мавриди амал қарор дорад, корҳои омодагӣ барои ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» идома доранд, инчунин дурнамои «Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ барои солҳои 2018-2020» дар арафаи мувофиқа қарор дорад. Қайд карда шуд, ки пас аз ба истифода додани маркази худкори «Шаҳри бехатар», шумораи ҲРН ва зарардидагон бар асари он зиёда аз 50% коҳиш ёфтааст ва дар назар аст, ки чунин марказҳо дар шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ низ ҷорӣ карда мешаванд. Оид ба баъзе масъалаҳои бехатарии ҳаракат дар роҳ 

    сӯҳбат намуда қайд карда шуд, ки имрӯз дар шароити афзоиши воситаҳои нақлиёти ҳозиразамон ва таъмиру таҷдиди роҳҳои автомобилгарди дохиливу байналмилалӣ, масъалаи таъмини бехатарии пиёдагардон, ки зиёда аз 60% ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо ба вуқӯъ мепайвандад, ташвишовар аст. Бинобар ин, мо имрӯз бештар ба сохтани гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва рӯйизаминӣ ниёз дорем, то ки пеши роҳи фавту ҷароҳатбардории пиёдагардон гирифта шавад.  Оиди сари вақт расидан ба ҷойи ҲРН, қайд карда шуд, ки кормандони БДА тезтар ба ҷойи ҳодиса мерасанд ва хуб мешуд, ки як қисми кормандони ин ниҳод бо тренингҳои омӯзишии наҷотдиҳӣ фаро гирифта шаванд. Азбаски дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ронанадгоне, ки дар ҳолати масти автомобилро идора мекунанд чораҳои вазнини маъмурӣ ва ҷазои ҷиноӣ андешида мешаванд, хуб мешуд агар  ташкилотҳои байналмилалии номбурда барои дастрас намудани автомобилҳои махсуси наҷотдиҳӣ, пайгирии суръати ҳаракати автомобил ва ташхиси наркологӣ кӯмак мерасониданд.

    Дар фарҷоми вохурӣ, Сергей Дякону, Рон Морлей ва кормандони ТҶҶ «НҶТ» барои истиқболи гарм ва суҳбати ошкоро ба роҳбарияти РБДА ВКД ҶТ миннатдорӣ баён намуда, қайд карданд, ки дар нақшаи ҳамкории оянда бо ВКД ҶТ оиди ин масъалаҳо, чорабинӣ пешбинӣ  намуда, давра ба давра кӯмаки худро дареғ намедоранд.   

     

    Барои дарефти маълумоти иловагӣ, метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш.Душанбе, кӯчаи Р.Набиев 71, тел.: (+992) 44 6205921, 44 6206146, 37 8817572, Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

     

     

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 1152608
    Сейчас 31 гостей онлайн