Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

    РЕЗА АХБОР

    28 ноябри с.2017, сешанбе,

    ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

    «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    (ТҶҶ «НҶТ»)

    «БАРОИ ҲИФЗИ ҲАР ЯК ҲАЁТ, ИМЗО МЕГУЗОРЕМ!»

    Чунин буд шиори «Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни ҳодисаҳои роҳу нақлиёт», ки соли дуюм аст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад. Хотиррасон мешаваем, ки тибқи қарордоди Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид (СММ), якшанбеи сеюми моҳи ноябр дар тамоми олам ин руз қайд карда мешавад.

    22-юми ноябр, ТҶҶ «НҶТ» бо ҳамкории РБДА ВКД ҶТ, шӯъбаи маорифи н.Фирдавсии ш.Душанбе, маъмурияти МТМУ№74 дар доираи лоиҳаҳои ҷорӣ оиди мусоидат дар таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, чорабиниеро амалӣ сохт, ки аҳли ҷомеаро ба поси хотири онҳое, ки бар асари Ҳодисаҳои роҳу нақлиёт (ҲРН) ба ҳалокат расидаанд, даъват намуд.

    Икдоми моҳияти иҷтимоӣ дошта ва чорабиниҳои умумӣ ба хотири қурбониёни ҲРН дар ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе гузаронида шуд. Масалан,

    субҳи 22.11.2017 бо иштироки Нозирони навраси ҳаракат (ННҲ)-и МТМУ №24, 30, 72, 74, 76 ва 78 н.Фирдавсии ш.Душанбе дар яке аз кӯчаҳои серҳаракати шаҳр «Соҳилӣ» иқдоми «Суръати ҳаракат дар назди муассисаҳои таълимӣ - 40км/с.» гузаронида шуд. ННҲ бо болопӯши махсус, дар даст аломати 40км/с. ва лавҳаҳои «Ронанда ба пиёдагардон роҳ деҳ» дар канори роҳ ба ронандагон ишора менамуданд, ки меъёри суръатнокиро нигоҳ доранд.

    Инчунин дар рафти чорабинӣ ба зиёда аз 500 нафар ронандагону пиёдагардон варақаҳои  таблиғотии «Эй сорбон, оҳиста рон!» ва «Хотира аз қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (ҚҲР) барои волидайн ва пиёдагарди наврас» тақсим карда шуд. Ронандагон дар навбати худ ба иштирокчиёни иқдом, сигнали овозӣ медоданд, чароғҳояшонро фурӯзон мекарданд ва худ барои гирифтани варақаҳо кӯшиш менамуданд.

    Қисми хотимавии чорабинӣ дар толори маҷлисгоҳи МТМУ№74 н.Фирдавсии ш.Душанбе баргузор гардид. Дар ҷаласа намояндагони ташкилотҳои байналмилалии «Кӯмак ҳангоми сӯхтор», «Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор», РБДА ВКД ҶТ, шуъбаи БДА раёсати ВКД ҶТ дар ш.Душанбе, омӯзгорон-ҳамоҳангсозони ННҲ ва худи ННҲ-и МТМУ № 24, 30, 72, 74, 76 ва 78 иштирок доштанд. Баромадкунандагон  оид ба таъсири қоидавайронкуниҳо дар роҳ ба саломатӣ, ҳаёти инсон ва иқтисодиёти мамалакат, сабабҳои 

    сар задании ҲРН ва роҳҳои пешгирии онҳо далелҳо оварданд ва мактаббачагонро барои риояи талаботи ҚҲР даъват намуданд. Дар навбати худ ННҲ-и МТМУ №74 ва 76 дар даст шамъҳои фурӯзон оид ба рӯзи ёдбуд шеърҳо қироат намуданд. Дар рафти чорабинӣ ба иштирокчиён наворҳои видеоӣ оид ба таблиғи ҚҲР намоиш дода шуданд. Ҳамаи иштирокчиён хотираи қурбониёни ҳодисаҳои роҳу нақлиётро ёд намуда, дар чорабинии ҳамаҷонибаи «Барои ҳифзи ҳар як ҳаёт, имзо мегузорам!» ширкат варзиданд ва ба волидайни  онҳое, ки бар асари ҲРН қурбон шудаанд ва эҳсосоти вазнинро пас аз ин ҳодисаҳо аз сар гузаронидаанд, ҳамдардӣ баён намуданд.

    Дар чорабинӣ зиёда аз 200 нафар иштирок намуданд.

                      

    Барои дарефти маълумоти иловагӣ, метавонед ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш.Душанбе, кӯчаи Р.Набиев 71, тел.: (+992) 44 6205921, 44 6206146, 37 8817572, Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Добавить комментарий

    Комментарий не проверен


    Защитный код
    Обновить

    Просмотры материалов : 911282
    Сейчас 85 гостей онлайн