Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    РЕЗА АХБОР

    10 ноябри соли 2017, ҷумъа.

    Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  (БАТР)

    Иттиҳоди Шарқӣ оид ба Нақлиёти Бехавф ва Устувор (ИШНБУ)

    Ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (НҶТ)

    Нишасти иттилоотӣ-матбуотӣ оид ба натиҷаҳои миёнамуҳлати  «Маъракаи иттилоотӣ оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ  ва идоракунии экологии нақлиёт дар ш.Душанбе баргузор гардид.

    Тренингҳои эко драйвинг: Сешанбе 31- октябри с. 2017 ва Чоршанбеи 01 ноябри с.2017

    Ҷойи баргузоршавӣ: корхонаи коммуналии воҳиди давлатии (ККВД) «Автобус-2», воқеъ дар    кӯчаи Ҳувайдуллоев, 5.

     Нишасти иттилоотӣ-матбуотӣ: Ҷумъа, 03-юми ноябри с.2017

    Ҷойи баргузоршавӣ: меҳмонхонаи «ХАЯТТ РЕҶЕНСӢ ДУШАНБЕ» воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ», 26/1.

    Дар доираи лоиҳаи «Маъракаи иттилоотӣ оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии экологии нақлиёт дар ш.Душанбе рӯзҳои 31.10.с.2017, бо иштироки намояндагони МИҲМД ш.Душанбе, Шуъбаи БДА РВКД дар ш.Душанбе, шуъбаи милитсияи экологии ш.Душанбе, Маркази санитарию эпидемологии ш.Душанбе, хадамоти давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёти ш.Душанбе, раёсати кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ш.Душанбе  ва роҳбарони муассисаҳои нақлиётӣ ва инчунин рӯзи 01.11. с.2017, бо иштироки муҳандисони техникии муассисаҳои нақлиётӣ, дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии “Автобус-2” ҷаласаи идоракунии экологии нақлиёт доир гардид. Мақсади асосии ин ҷаласаҳо баррасӣ намудани нақши мусбии эко драйвинг дар кам намудани хуруҷи маводҳои зараровар аз нақлиёт бо ҳадафи ҳифз намудани муҳити зист ва кам намудани вобастагии  Тоҷикистон ба маводи сӯзишворӣ ва ҳамзамон сарфи маблағ барои хариди сӯзишворӣ аз тарафи истифодабарандагони нақлиёти автомобилӣ мебошад.  

    Қайд кардан ҷоиз аст ки иштирокчиён аҳамияти идоракунии экологии нақлиётро дарк карданд ва дар муҳокимарониҳо фаъолона иштирок намуданд. Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои нақлиётӣ ва  ширкатҳои нақлиётӣ изҳор намуданд, ки онҳо ба ронандагони худ оид ба ин масъалаҳо иттилоъ хоҳанд расонд. Дар ду семинар дар маҷмӯъ 36 нафар иштирок намуданд.

             Масъалаҳои асосӣ, ки дар семинар баррасӣ шуданд, мушкилоти воқеии ронандагон   ба  сифати сӯзишворӣ, мукаммал набудани  нақшаи мувофиқи хатсайрҳои автобусҳо ва «дарҳои кушода дар баъзе нақлиёти ҷамъиятӣ» буданд.

             Иштирокчиён ба ташкилкунандагони ин ҷаласаҳо изҳори миннатдорӣ карда, иброз намуданд, ки оид ба манфиати идоракунии экологии нақлиёт, дар кам кардани хуруҷи маводҳои зараровар ва сарфаи маблағ, маълумоти муфассал гирифтанд, ки оид ба ин масъала қаблан иттиллои кофӣ надоштанд ва моро бовар кунониданд, ки иттилои гирифтаашонро дар ин мавзӯъ ба диққати ронандагони воситаҳои нақлиёти муассисаҳои хеш мерасонанд ва онро дар фаъолияти ҳамарӯзаи муаассисаҳо  ба хотири сарфаи маблағи сӯзишворӣ ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёт, инчунин ҳифзи муҳити зист ва саломатии шаҳрвандон аз партовҳои ғализи нақлиётӣ роҳандозӣ менамоянд

       

       Чорабинии дигари ҳафтаи гузашта, ин ҷаласаи нишасти корӣ-матбуотӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма (ВАО) оид ба натиҷаҳои миёнамуҳлати “Маъракаи иттилоотӣ оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии экологии нақлиёт дар ш.Душанбе”буд.

    Пеш аз оғози нишасти  иттилоотӣ –матбуотӣ,  дастовардҳои соҳавии БАТР, ИШНБУ ва   ТҶҶ “НҶТ”   ба маърази тамошо гузошта шуданд.

           Дар нишасти мазкур, муовини раиси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш.Душанбе Саидзода Тағай, муошовири сардори Раёсати БДА ВКД ҶТ, полковники милитсия Абдусаттор Холов-раискунандаи ҷаласа, ва намояндаи вазорати нақлиёти ҶТ Бегиҷон Зиёев бо суханҳои ифтитоҳи баромад намуда, татбиқи лоиҳаи мазкурро дар ш.Душанбе ҳамчун иқдоми тоза пазируфтанд ва мувофиқи мақсад донистанд.

     Оид ба натиҷаҳои миёнамӯҳлати лоиҳаи мазкур ва мубодилаи маводҳои иттилоотии омодашуда, Эмма МакЛеннан, роҳбари лоиҳа, сарвари ИШНБУ, дар якчоягӣ бо Наимҷон Мирзорахимов, роҳбари маҳаллии лоиҳа, НҶТ, оид ба рафти татбиқи лоиҳа маълумоти муфассал доданд

    Дар рафти нишаст, дар мавзӯи “Муҳимияти истифодабарии тасмаи бехатарӣ дар доираи «Дурнамои минтақавии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии минтақаҳои Осиёи Марказӣ» (ИҲИМОМ) барои солҳои 2017-2030» ва «Дурнамои миллии бехатарии ҳаракат барои солҳои 2018-2022», намояндаи Вазорати нақлиёти ҶТ Бегиҷон Зиёев, маърӯза намуданд.

     Дар рафти нишасти иттилоотӣ - матбуотӣ  оид ба истифодаи тасмаи бехатароӣ ва идоракунии экологии нақлиёт байни иштирокчиён баҳси доманадор сурат гирифт.  Онҳо ба он назар буданд, ки алҳол вобаста ба сатҳи иҷтимоиёти аҳоли назар карда, ҷаримаро нисбати набастани тасмаи бехатарӣ баланд накунем, беҳтараш корҳои ташвиқотиву тарғиботиро ба воситаи ахбори умум бештар намоем. Қайд карда шуд, ки аз ҷониби БДА корҳои таблиғотӣ ва ҳам дидани чораҳои маъмурӣ дар шакли ҷарима нисбати ронандагоне, ки барои бастани тасмаи бехатарӣ саркашӣ мекунанд идома дорад. Танҳо дар семоҳаи  аввали соли  ҷорӣ 22 ҳазор ронанда бо ин сабаб дар асоси қисми 2 моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ҶТ ҷарима карда шуданд. Албата ин шумора кофӣ нест, дар сурате,ки танҳо 22% ронандагони мушоҳидашуда дар шаҳри Душанбе тасмаи бехатарӣ мебанданду халос.

         

        Дар маҷмуъ, қайд карда шуд,ки баҳри дар амал татбиқ намудани талаботи Лоиҳа, оид ба иттилоотонии аҳолӣ нисбати манфиатҳои истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идора-кунии экологии нақлиёт, аз 30.10.2017 сар карда, тавассути Шабакаҳои телевизионии “Тоҷикистон”, “Варзиш” ва “Душанбе” радиои “Ватан” ва “Садои Душанбе”,  дар асоси нақшаи намоишҳо (медиа-план) ҳар рӯз се маротиба ва се рӯз дар як ҳафта ба аҳолӣ  видео ва аудио-наворҳо дар масъалаи “Манфиати истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии экологии нақлиёт” пешкаш шуда истодаанд. Ин чунин дар кучаҳои Сино, С.Шерозӣ  ва назди бозори Корвон  овезаҳои калонҳаҷм (билбордхо) ҷойгир карда шуданд, ки аҳолиро ба истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунрии экологии нақлиёт далолат менамоянд.

               Иттилоот мунтазам, дар давоми 5 моҳ паҳн карда мешавад.

     Маъракаи иттилоотӣ то моҳи апрели соли 2018 бо нақшаҳои фаъолият дар оянда, идома меёбад

     

     

     

     ______________________________________________

    Эзоҳ:

    БАТР - бонки бисёрҷонибаи содиротии ба рушди иқтисоди бозор нигаронидашуда ва пешбурди ташаббуси хусусӣ ва соҳибкорӣ дар беш аз 30 кишварҳои аз Марокаш то Муғулистон ва аз Эстония ба Миср мебошад.  Соҳибмулкони Бонк 65 кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ мебошанд. Нақшаи стратегии БАТР барои кишварҳое, ки дар давраи 2016-18 сармоягузорӣ мешаванд дорои афзалиятҳои, таҳкими суботи иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти глобалӣ ва дастгирии ҳамгироии минтақавӣ мебошад.

    ИШНБУ – дар Британияи Кабир ҳамчун ташкилоти башардӯстона ба қайд гирифта шуда дар 11 кишвар ба паст кардани хавфи  ҳаракат дар роҳ, ва ҳаракати нақлиёти озодаву бехавф  амал менамояд.

    ТҶҶ «НҶТ» - яке аз ташкилотҳои фаъоли ҷамъиятӣ бо идораи асосӣ дар ш.Душанбе, ки ба такмили саломатӣ ва бехатарии кӯдакону наврасон ва ҷавонон машғул аст. Фаъолияти НҶТ  якчанд чорабиниҳоро оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва инчунин пешгирии дигар хавфҳоро барои саломатии аҳолӣ дар бар мегирад.

     

    Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин метавонед муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш. Душанбе, кучаи Р.Набиев 71,

    тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 937577572 +992 37 8817572

     

    Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj 

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Добавить комментарий

    Комментарий не проверен


    Защитный код
    Обновить

    Просмотры материалов : 766267
    Сейчас 47 гостей онлайн