Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    РЕЗА АХБОР

    03 ноябри соли 2017, ҷумъа,

    Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд  (БАТР),

    Иттиҳоди Шарқӣ оид ба Нақлиёти Бехавф ва Устувор (ИШНБУ),

    Ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (НҶТ).

     

    Нишасти иттилоотӣ-матбуотӣ бо иштироки намояндагони мақомоти давлатӣ, ҷомеъаи шаҳрвандӣ ва васоити ахбори омма оид ба натиҷаҳои миёнамуҳлати «Маъракаи иттилоотӣ, оид ба истифодаи тасмаи бехатарӣ  ва идоракунии экологии нақлиёт дар ш.Душанбе»

     

     

    Санаи баргузоршавӣ: рӯзи ҷумъа, 03-юми ноябри с.2017

    Ҷойи баргузоршавӣ: меҳмонхонаи «ХАЯТТ РЕҶЕНСӢ ДУШАНБЕ» воқеъ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ», 26/1.

     

     

     Истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии экологии нақлиёт дар ш.Душанбе:

    Ҳафтаи равон дар шаҳри Душанбе, бо истифода аз васоити ахбори омма ва ин чунин дар кӯчаҳо овезаҳои калони  иттилоотӣ, оид ба ташвиқи бартарияти истифодаи тасмаи бехатарӣ ва идоракунии экологии нақлиёт, баҳри сарфа намудани сӯзишворӣ ва ҳифзи муҳити зист, ҷойгир карда мешаванд.

    Маърака оид ба баланд бардоштани иттилоотонии ҷамъият баҳри ҳифзи ҳаёт ва кам кардани партовҳои зараровари нақлиёт аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР), Иттиҳоди Шарқии Нақлиёти Бехавф ва Устувор (ИШНБУ), ТҶҶ «НҶТ» дастгирӣ карда мешавад.

    Маъракаи мазкур дар асоси пурсиши афкори умум бо иштироки ронандагон  ва мусофирон дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст. Зиёда аз 5000 нафар, аз он ҷумла ронандагони таксӣ ва автомобилҳои боркаш мушоҳида карда шуданд. Камтар аз ҳаштяки ронандагон ва мусофирони автомобилҳои назораткардашуда тасмаи бехатариро истифода бурданду халос, ин ҳам бошад, аксарият ронандагонанд. Гуруҳҳое, ки дар самтгирӣ (фокус-гуруҳ) иштирок карданд, оиди моҳияти идоракунии экологии нақлиёт маълумот надоштанд, гарчанде, ки мехостанд сӯзишвориро сарфа намоянд. 

    Дар урати сар задани садамаи нақлиётӣ хавфи ба ҳалокат расидан ду маротиба меафзояд, мусофири курсии қафо бошад, дар сурати набастани тасмаи бехатарӣ, метавонад дар вақти бархӯрӣ сабабгори марги ронанда гардад.

    ·         Мушоҳидаҳо ва гурӯҳҳои самтгир нишон доданд, ки баҳри ҳифзи ҳаёти ронанда ва мусофирони воситаи нақлиёт бояд корҳои зиёдеро анҷом дод;

    ·         Аз 5150 нафар, шахсони дар  автомобил  буда, танҳо 12,9% тасмаи бехатариро истифода бурданду халос;

    ·         Наздик аз 4 як нафари ронандагон, ё 22,5% тасмаи бехатариро истифода мебурданд;

    ·         Танҳо аз 20 як нафари мусофири пеш (5,4%) ва (0,6%) мусофирони курсиҳои қафо тасмаро истифода мебурданду халос;

    ·         50 нафар ронандагон ва мусофирони автомобилҳои боркаш, ки мушоҳида шуда буданд тасмаи бехатариро умуман истифода намебурданд;

     

    ·         Танҳо 22% ронандагон тасмаи бехатариро истифода мебурданд.

    Сабаби асосии истифода набурдани тасмаи бехатарӣ, аз он иборат буд, ки бисёре аз воситаҳои нақлиёт тасмаи бехатарӣ надоштанд ё худ доштанду кор ношоям буданд.

    Дар яке аз мушоҳидаҳои  махсус, муайян карда шуд, ки аз 300 ҷои нишасти санҷидашуда дар таксиҳо аз 3 ду ҳиссаашон, яъне 300 ҷой (63,7%) тасмаҳои бехатрии корношоям ё бо сабаби рӯйпӯш доштани курсиҳо дастнорас буданд. 

    Гуруҳи самтгир оид ба идоракунии экологии нақлиёт бо иштироки ронандагон бар он ақида буданд, ки ба шаҳрвандон оид ба идоракунии экологии нақлиёт бештар иттило додан зарур аст.

    Аксарияти ронандагон бовар надоштанд, ки идоракунии экологии нақлиёт ба сарфа намудани сӯзишворӣ ва кам кардани ихроҷи моддаҳои зараровар мусоидат менамояд.

    Иштирокчиёни гуруҳҳои самтгир мехостанд дар ин бора иттилои зиёд дошта бошанд. Бисёре аз онҳо оид ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист нигарон буданд ва мехостанд хароҷоти худро ба сузишворӣ камтар кунанд.

    Ин маъракаҳо ба ронадагон малакаи зарурии идоракунии экологии нақлиётро меомӯзонад.

    Ҳафтаи равон, дар ҳамкорӣ бо раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ҳамшарикони ҷамоатчигии шаҳрвандии ш.Душанбе, «Соли ҷавонон» дар Тоҷикистон ва дурнамои СММ «Даҳсолаи амал оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ барои солҳои 2011-2020» маъракаи иттилоотӣ оғоз меёбад

    Маъракаи мазкур нашрияҳои ВАО, овезаҳо ва тахтаҳои рекламавӣ, радиову телевизион,  шабакаҳои иҷтимоӣ ва варақаҳои таблиғотиро дарбар мегирад. Иттилоот мунтазам, дар давоми 5 моҳ паҳн карда мешавад. Оид ба бартарияти идоракунии экологии нақлиёт бо ронадагон ва ҷамоатчигии шаҳрвандӣ ҷласаҳои махсус гузаронида шуданд.

    БАТР лоиҳаро оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, идоракунии экологӣ ва пайравии умум ба нақлиёти бехавф ва устувор, дар ҳамкорӣ бо Бонки Осиёгии Рушд (БОР) дастгирӣ менамояд.

    Маъракаи иттилоотӣ инчунин «Дурнамои бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Иттиҳоди ҳамкории иқтисодии минтақаҳои Осиёи МарказӣҲИМОМ) барои солҳои 2017-2030», ки дар доираи он диққати асосӣ ба баланд бардоштани иттилоотонии аҳолӣ ба манфиати истифодаи тасмаи бехатарӣ дода шудааст, тарафдорӣ менамояд.

    Маъракаи иттилоотӣ то моҳи апрели соли 2018 бо нақшаҳои фаъолият дар оянда, идома меёбад


    Эзоҳ барои муҳаррирон:

    БАТР - бонки бисёрҷонибаи содиротии ба рушди иқтисоди бозор нигаронидашуда ва пешбурди ташаббуси хусусӣ ва соҳибкорӣ дар беш аз 30 кишварҳои аз Марокаш то Муғулистон ва аз Эстония ба Миср мебошад.  Соҳибмулкони Бонк 65 кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ва Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ мебошанд. Нақшаи стратегии БАТР барои кишварҳое, ки дар давраи 2016-18 сармоягузорӣ мешаванд дорои афзалиятҳои, таҳкими суботи иқтисодӣ, ҳалли мушкилоти глобалӣ ва дастгирии ҳамгироии минтақавӣ мебошад.

    ИШНБУ – дар Британияи Кабир ҳамчун ташкилоти башардӯстона ба қайд гирифта шуда дар 11 кишвар ба паст кардани хавфи  ҳаракат дар роҳ, ва ҳаракати нақлиёти озодаву бехавф  амал менамояд.

    ТҶҶ «НҶТ» - яке аз ташкилотҳои фаъоли ҷамъиятӣ бо идораи асосӣ дар ш.Душанбе, ки ба такмили саломатӣ ва бехатарии кӯдакону наврасон ва ҷавонон машғул аст. Фаъолияти НҶТ  якчанд чорабиниҳоро оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ ва инчунин пешгирии дигар хавфҳоро барои саломатии аҳолӣ дар бар мегирад.

     

    Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин метавонед муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут. 7,

    тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 937577572 +992 37 8817572

    Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

     

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Добавить комментарий

    Комментарий не проверен


    Защитный код
    Обновить

    Просмотры материалов : 717975
    Сейчас 59 гостей онлайн