Get Adobe Flash player
    Sertificat2
    sertificat3
    Sertificat OMOT
    The Global Fund For Children Sertif1
    sertifikat pdd
    чавонон
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон»барои ишғоли ҷойи холии корӣ озмун эълон мекунад.

    Ӯҳдадориҳои асосии Евар, бандҳои зеринро дар бар мегиранд:

     Кӯмак ба Гуруҳи кории лоиҳа (ГКЛ) дар раванди татбиқва инкишофи умумиилоиҳа;

    Кӯмак барои нақшаи кории лоиҳаро коркард, мунтазам пурра кардан ва доири иҷроиши он  чораҳои зарурӣ дидан.

     

    Э Ъ Л О Н

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон»барои ишғоли ҷойи холии корӣ озмун эълон мекунад.


    Шумора:

    1 номзад

    Вазифа:

    Евари менеҷери лоиҳаҳо доир ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ

    Санаи анҷоми озмун:

    то 02 октябри с.2017

    Мавзеъ:

    ш.Душанбе 

    Реҷаи кор:

    рӯзи кории пурра

    Давомнокии шартнома:

    то охири моҳи марти с.2018 (бо имконияти тамдид дар солҳои оянда)

    Ҳисоботдиҳӣ:

    ба Менеҷери лоиҳаҳо

     

     

     

    Маълумот оиди ташкилот:

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶ «НҶТ») тӯли 10 сол аст, ки дар соҳаи ҳифз ва рушди саломатии кӯдакону наврасону ҷавонон фаъолият мебарад.

     Фаъолияти ташкилот аз самтҳои зерин иборат мебошад:

    ба ҷавонон омӯзонидани малакаҳои ҳаётӣ барои беҳдошти саломатӣ;

    иштироки ҷавонон дар раванди қабули қарорҳои ба беҳдошти саломатии онҳо дахлдор;

    васеъ намудани дастрасии ҷавонони осебпазири дар ҳолати бӯҳронии равонӣ буда, ба хизматрасониҳои хайрхоҳонаи тиббӣ;

    пешгирии истеъмоли маводи нашъадор, сироятшавӣ ба ВНМО/БПНМ ва сил;

    обтаъминкунӣ, санитария ва гигиена дар мактабҳо ва тавассути мактабҳо;

    пешгирии ҷароҳатбардорӣ ва фавти кӯдакону ҷавонон дар роҳ ва ҳангоми сӯхтор;

    идоракунии котиботи Эътилофи «Ҳамкории боздошти сил дар Тоҷикистон».

     

    Маълумот оиди фаъолияи ташкилот дар самти таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ:

     Яке аз самтҳои фаъоли ТҶ «НҶТ» ин мусоидат дар тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва мусоидат ба таъмини бехатарӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ, ҳодисаҳои роҳу нақлиетӣ, ҳолатҳои сӯхтор ва дигар ҳолатҳои фавқулодаву маишӣ бо мақсади паст кардани сатҳи маҷрӯҳшавию фавти кӯдакону наврасону ҷавонон ба ҳисоб меравад.

     Доир ба амали намудани самти марбут, ташкилот барои ишғоли вазифаи «Евари менеҷери лоиҳаҳо доир ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ» (Евар) озмун эълон менамояд.

     

    Ӯҳдадориҳои асосии Евар, бандҳои зеринро дар бар мегиранд:

     Кӯмак ба Гуруҳи кории лоиҳа (ГКЛ) дар раванди татбиқва инкишофи умумии лоиҳа;

    Кӯмак барои нақшаи кории лоиҳаро коркард, мунтазам пурра кардан ва доири иҷроиши он  чораҳои зарурӣ дидан.

    Баланд бардоштани малакаи касбӣ ба воситаи худомӯзӣ ва иштирок дар тренингҳо, курсҳо, конференсияҳо ва дигар чорабиниҳо оид ба мавзӯъи таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, бо мақсади пешгирии ҷароҳатбардориву фавти кӯдакону ҷавонон дар сатҳи миллӣ ва байналмиллалӣ;

    Тартиб додани ҳуҷҷатҳо ва ҳисобот ва пешкаши он ба Менеҷер, мусоидат ба Менеҷер оид ба омодакуниву пешкаши ҳисоботи ҳармоҳа ба роҳбарияти Ташкилот, ба Донори лоиҳа дар вақти талабнамуда (мувофиқи Шартнома) бо такя ба қоидаи ҳисоботдиҳӣ;

    Масъулият барои мукотибот, тарҷума, чоп ва омодакунии шакли ниҳоии ҳуҷҷатҳо дар доираи лоиҳа.

     Музди кор: 2650 сомонӣ (андозҳо тарҳ карда шудаанд)

     

     Коргар бо алокаи корпоративӣ ва нақлиёт барои сафари корӣ таъмин карда мешавад

     

    Барои шиносоӣ бо матни пурраи «Вазифаҳои техникӣ» ба суроғаи электронии info@ygt.tj дархост равон кунед.

     Номзадҳо метавонанд ҳуҷҷатҳои зеринро бо забонҳои  тоҷикӣ, русӣ ё англисӣ:

    - шарҳи ҳол;

    - мактуби ҳавасманди барои ишғоли вазифа;

    - тавсиянома (на кам аз 3 тавсия)

    ба суроғаи электронии info@ygt.tj бо қайд дар мавзӯи мактуб «Барои ишғоли вазифаи Евар» ва ё ба суроғаи ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ бинои 112, утоқи №7 пешниҳод намоянд.

    Танҳо номзадҳое, ки ба талаботҳои пешниҳодшуда ҷавобгӯй мебошанд барои суҳбат даъват карда мешаванд.

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 717971
    Сейчас 51 гостей онлайн