Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

     

    РЕЗА АХБОР

    4 сентябри с .2017, душанбе,

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

    «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    (ТҶҶ «НҶТ»).


    ҶАМЪБАСТИ ТАНТАНАВИИ ЛОИҲАИ

    ”БЕҲДОШТИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ТАВАССУТИ ТАҲСИЛОТ - III

     Санаи 28-уми августи соли ҷорӣ дар бинои маҷлисгоҳи  мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе,  ҷаласаи саввуми гуруҳи кории байнисоҳавӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар н.Фирдавсии ш.Душанбе ва дигар намояндагони ташкилоту идораҳои ҳамшарики лоиҳа баргузор гардид.

    Чорабинии мазкур дар асл хусусияти ҷамъбастӣ дошт, ки дар он гузоришот аз рафти фаъолияти ТҶҶ “НҶТ” дар доираи лоиҳаи «Беҳдошти бехатарии ҳаракат дар роҳ тавассути таҳсилот - III», ки аз ҷониби Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор (ИШНБУ) дастгирӣ ёфтааст, ба манзури иштироккунандагони ҷаласа расонида шуданд.

    Қобили зикр аст, ки дар суханони ифтитоҳии худ, Наргисой Тӯйчиева,Сардори шуъбаи ташвиқот ва тарғиботи раёсати бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ, Шариф Атоев, Муттахассиси сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, роҳбари ИШНБУ Эмма МакЛеннан, менеҷери лоиҳаҳои”Таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ”-и ТҶҶ “НҶТ” Ҳабибулло Мунавваров, оид ба манфиати татбиқи лоиҳаи мазкур дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон, дар руҳияи риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (ҚҲР), махсус қайд намуданд.

    Дар рафти ҷаласа оид ба натиҷаҳои  татбиқи лоиҳаҳои “Беҳдошти бехатарии ҳаракат тавассути таҳсилот - I, II ва III” қайд карда шуд, ки дар давоми 3 соли татбиқи ин лоиҳаҳо дар 10 макотиби озмоишии ноҳия 83 нафар нозирони навраси ҳаракат (ННҲ), 5 нафар омӯзгорон-ҳамоҳангсозони кори ННҲ,  ва аз рӯи “Лифофаҳои таълимӣ дар бораи Бехатарии ҳаракат дар роҳ” 40 нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ омӯзонида шуданд. Зиёда аз 1800 нафар кӯдакону наврасону ҷавонон бо донишу малакаҳои ҚҲР ошно шуданд. Ин чунин ба мактабҳо маводҳои иттилоотӣ ва ёрирасон тақсим карда шуданд.

    Дилороми Талбак, Муттахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ, дар маърӯзаи худ аз натиҷаҳои гузаронидани сессияҳои иттилоотӣ дар мактабҳои лоиҳавӣ  аз ҷониби ННҲ, дар панҷ мактаби озмоишии № 24, 30, 72, 76, 78-и ноҳияи Фирдавсӣ маълумот дод ва қайд намуд, ки дониши хонандагон нисбат ба нишондиҳандаи заминавӣ аз ҚҲР ба 18,28% афзоиш ёфт.

     Саидов Мирзохон, Бозраси калони гуруҳи ташвиқотии ШБДА РВКД ҶТ дар ш.Душанбе, бошад дар маърӯзаи худ оид ба вазъияти Ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон ва ҷавонон дар ноҳияи Фирдавсии ш. Душанбе, дар давоми солҳои 2014-2016 ва нимсолаи якуми соли 2017 маълумоти умумӣ дода, қайд намуд, ки шумора ва оқибатҳои вазнини ҲРН дар ин давраба 7,5%  коҳиш ёфтааст.

    Ҷаласаи мазкур бо супоридани маълумотномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ ба 20 ННҲ ва 5 омӯзгори макотиби озмоишӣ, ки тренинги оид ба ташкили кори дастаи ННҲ-ро хатм намуданд ва дар ташкил ва гузаронидани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ фаъолона иштирок карданд, ҷамъбаст гардид.

                       Барои гирифтани маълумоти иловагӣ, ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут.№ 7,

     тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146; +992 937577572

    Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

    # # #

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:
    Просмотры материалов : 729863
    Сейчас 101 гостей онлайн