Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik


     

    РЕЗА АХБОР

     25 майи, соли  2017 , панҷшанбе,

    Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор (ИШНБУ).

     Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Насли ҷавони Тоҷикистон»

    (ТҶҶ «НҶТ»)

     

    БАЛАНД БАРДОШТАНИ САТҲИ ДОНИШИ АҲОЛӢ АЗ ҚҲР

     Бехатарии ҳаракат дар роҳ яке аз вазифаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ  ва демографӣ ба ҳисоб меравад. Ҳодисаҳои нақлиётӣ дар роҳ ба аҳли ҷамъият ва шаҳрвандони алоҳидда зарари калони моддӣ  ва маънавӣ мерасонад. Ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ ба канор мондани одамони қобили меҳнат аз истеҳсолот оварда мерасонад. Кӯдакону наврасон ба ҳалокат мерасанд ва ё маъюбии якумра мегиранд.

    Барои ҳалли масъалаҳои мазкур ТҶҶ «НҶТ», баҳри  баланд бардоштани воқифияти омӯзгорон ва хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии (МТМУ)  ноҳияи Фирдавсии ш.Душанбе аз Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (ҚҲР), як қатор тренингҳо гузаронид.   Тренингҳо дар бар гирифтанд:

    1.  Тренинг оид ба тайёр намудани гуруҳи Нозирони навраси ҳаракат (ННҲ) дар мактабҳои озмоишӣ.


     

    гузаронида шуд. Дар давоми ду рӯз хонандагони панҷ мактаби озмоишӣ (№ 24, 30, 72, 76, 78) якҷоя бо омӯзгорон- ҳамоҳангсозон  на танҳо Низомномаи ННҲ-ро омӯхтанд, балки оид ба тарзҳои фаъоли омӯзиш аз рӯи ақидаи ҳамсол ба ҳамсол низ маълумот пайдо намуданд. Дар асоси саволномаи пас аз омӯзиш,      дониши иштирокчиён аз ҚҲР, аз сатҳи базавӣ ба 13,75% баланд бардошта шуд. 

     Дар чорабинӣ 25 нафар иштирок карданд, ки аз онҳо 20 нафарашон - ННҲ мебошанд, ки минбаъд фаъолияти худашонро оид ба таблиғи ҚҲР дар байни ҳамсолони худ, дар шакли сесияи-иттилоотӣ ва иқдомҳои гуногун, идома медиҳанд.

     

    2.  Тренинг дар доираи Лифофаҳои таълимии ИШНБУ, дар бораи Бехатарии ҳаракат дар роҳ (ЛТ ИШНБУ оид ба БҲР).

    Тренингҳо махсус барои шахсоне пешбинӣ шудаанд, ки бо кӯдакон кор мекунанд.    Ин лифофа дорои маводҳои махсусе мебошад, ки барои омӯзонидани кӯдакони хурдсол ва наврасон од ба принсипҳои асосии бехатарии ҳаракат дар роҳ вобаста ба синну сол пешбинӣ шудааст.

    Дар тренинг   4 нафарӣ омӯзгорон аз   10 мактаби озмоишӣ (№ 18,24, 28, 30, 42, 51, 72, 76, 77,78). иштирок намуданд. Барои самаранок гузаронидани тренинг иштирокчиён ба ду гуруҳ ҷудо карда шуданд.

    Дар рафти тренинг омӯзгорон оид ба тарзҳои ҳифз намудани кӯдакон аз хатарҳои дар роҳ бавуҷудоянда, шиорҳои барои таблиғи бехатарии ҳаракат ва тарбияи рафтори бехавф дар роҳ дониш андӯхтанд. Дар кӯдакони хурдсол ташаккул додани  фаҳмиш ва дарк намудани  хатарҳои потенсиалӣ ва воситаҳои нақлиёт, ин чунин фаҳмонидани рафтори бехатари онҳо дар роҳ, ин ду ҷиҳати муҳим дар давраи инкишофи онҳо ба ҳисоб меравад.   

     Дониши иштирокчиён аз сатҳи базавӣ ба 27, 35 % баланд бардошта шуд.

     Ҷалби умумӣ 40 нафарро, ташкил дод.

     

            Барои маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

                          734003, РТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут. 7,

                       тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 37 8817572

                                                       Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

                                                                    # # #

     

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Добавить комментарий

    Комментарий не проверен


    Защитный код
    Обновить

    Просмотры материалов : 648071
    Сейчас 101 гостей онлайн