Get Adobe Flash player
    English (United Kingdom)Russian (CIS)Tajik

    РЕЗА АХБОР

    03 ноябри соли 2016 , панҷшанбе,

    Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии

    «Насли ҷавони Тоҷикистон» (ТҶҶ «НҶТ»).

     

    ТОҶИКИСТОН, ДУШАНБЕ: ДАР ХИЁБОНИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ АМАЛИЁТИ  ИТТИЛООТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ ОҒОЗ МЕШАВАД.

     

    Аз 1 ноябри соли 2016 Алянси шарқӣ барои нақлиёти бехавф ва устувор(EASST) дар ҳамкорӣ бо НҶТ ба татбиқи лоиҳаи «ТОҶИКИСТОН: амалиёти иттилоотӣ дар хиёбони Сомонӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ»-ро бо дастгирии Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР) оғоз намуд.  

     

    Азнавсозии қисми 1 роҳи М41, ки ш.Душанберо бо сарҳади Ӯзбекистон мепайвандад, барои Тоҷикистон ва тиҷорати минтақавӣ  моҳияти муҳим дорад. Қисми якуми роҳ  бо ҷойҳои сераҳолии шаҳр- бо шумораи зиёди нақлиёт  ва  тарафҳои манфиатнок, ки ҷараёни беҳдошт ба онҳо таъсир мерасонад мегузарад. БАТР зарӯрати гузаронидани амалиётҳоро оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, бо такя ба ташкилотҳои маҳаллӣ, шаҳрвандон ва мактабҳои ноҳия муайян намудааст.  Ин гурӯҳҳо, аз ҳаракати тези нақлиёт, чӣ дар вақти азнавсозӣ ва чӣ  пас аз  итмоми  лоиҳа мумкин аст  зарар бинанд.

    Вазифаҳои асосии лоиҳа ин:

    ·     таъмини риояи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ;

    ·     баланд бардоштани сифати таҳсилот оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ, барои кӯдакон ва ҷавонон;

    ·     таъмини лоиҳакашии нисбатан бехавааф ва сохтмони роҳҳои автомобилгард; 

    ·     таъсир расонидан ба рафтори  иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ;

    ·     мустаҳкам намудани иқтидори маҳаллӣ дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ.

     

     

     

    Шунавандагони мақсаднок:

    Шаҳрвандоне, ки дар шафати роҳи хиёбони И.Сомонӣ истиқомат мекунанд, ронандагон, мусофирон истифодабарандагони нақлиёти ҷамъиятӣ, пиёдагардон, ташкилотҳои маҳаллӣ ва дигарон. Ғайр аз ин ба одамони солхӯрда, волидайн бо аробачаи кӯдакона, маъюбон ва кӯдакон диққати асосӣ дода мешавад.

    Давомнокии лоиҳа:

    • 4 моҳ (ноябри соли 2016  то феврали  соли 2017)

    Санаро дар хотир доред:

    Бизнес-форум дар доираи лоиҳа, 6-уми декабр дар бинои Хайатт-Реҷенсӣ ш.Душанбе ташкил карда мешавад. 

    Иттилои иловагӣ:

    БАТР дар соли 1991, барои он ки асри навро пас аз ҷангҳои сард  дар Аврупои марказӣ ва Шарқӣ, ин чунин тараққиёти ояндаро дар роҳи «иқтисоди бозаргонӣ ва ҳавасмандгардонии  ташаббусҳои соҳибкории хусусӣ » ташкил намоянд, таъсис дода шуда  буд .  То ба имрӯз БАТР    ба Тоҷикистон 607 млн ​​€ маблағгузорӣ  кардааст, ки аз се як ҳиссаи он  ба такмили инфрасохтори маҳаллӣ бо баҳисобгирии алоқаи нақлиётӣ бахшида шудааст. Ин лоиҳа бо лоиҳаи беҳдошти  роҳи автомобилгарди  Душанбе-сарҳади Ӯзбекистон, Қисми 1, ки дар масофои  4,6 км дар ҳудуди  ш.Душанбе (аз, ҳайкали Сино то дарвозаи ғарбии ш.Душанбе) гирдгардиши микрорайони 82 ва гирдгардиши назди ҳайкали Синоро дар бар мегирад вобастагӣ дорад.

    Алянси шарқӣ барои нақлиёти бехавф ва устувор (EASST) ташкилоти хайриявии мустақили британиявӣ мебошад, ки миссияи он аз ҳифзи ҳаёт ва пешгирии ҷароҳатбардорӣ тибқи беҳдошти нақлиёт тариқи бехавфгардонӣ, тозагӣ аз ҷиҳати муҳити зист ва устуворгардонии он барои насли оянда иборат мебошад. Аз вақти таъсисиёбии худ солҳои 2009-2010, EASST хатти воқеъии  Ташкилотҳои ғайридавлатиро дар тамоми Аврупои Шарқӣ, Кавкази Ҷанубӣ  ва Осиёи марказӣ – ташкил намуда-  ба ислоҳоти назаррасе дар минтақа, дар доираи  Даҳсолаи амалиёт  СММ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, мусоидат намудааст.

    НҶТ аз соли 2008 ин ҷониб дар доираи  муҳофизат ва беҳдошти  саломатии кӯдакону ҷавонон фаъолият карда истода аз соли 2013 ба ин фаъолият, инчунин расонидани кӯмак дар таъмини бехатарии ҳаракат, бо мақсади паст намудани ҳолатҳои фавт ва ҷароҳатбардорӣ дар роҳ ҳамроҳ карда шудааст.

     

    Барои гирифтани маълумоти иловагӣ ба суроғаи зерин муроҷиат намоед:

    734003, ҶТ, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 112, ут. 7,

    тел.: +992 44 6205921; +992 44 6206146, +992 37 8807572, +992 37 8817572

    Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |www.ygt.tj

     

    # # #

    Интересная статья? Поделись ей с другими:

    Добавить комментарий

    Комментарий не проверен


    Защитный код
    Обновить

    Просмотры материалов : 617320
    Сейчас 30 гостей онлайн